ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ ОИД БА ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВОХӮРИИ СУДМАНД ОИД БА ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими  ҷашну маросим, Масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, ПЕШГИРӢ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ ва пешгирии барҳамхурдии оилаҳо  ДАР ДЕҲАИ Ҷаҳонзеби ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ А.Лоҳутӣ.

Дар деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом бо иштироки судяҳои Суди шаҳр  Ҷуразода Хурсанд Ҳикматулло, Раҷабализода Беҳруз Раҷабалӣ, Водизода Ситора, котибони маҷлиси судӣ Орифи Комрон, Нуриттинов Далер  ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, имомхатибон, кормандони ҷамоатҳои деҳот, фаъолони шаҳри Конибодом оиди Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ,  ҷавобарӣ барои вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими  ҷашну маросим”, масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика” ва дар масоили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терроризм ва экстремизм инчунин ифротгароӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.

Судяҳои суди шаҳри Конибодом Раҷабализода Б.Р., Водизода С., Ҷуразода Х.Ҳ. ва котиби маҷлиси судӣ Орифӣ К.З. ба сухан баромада, қайд намуданд, ки ҳадафи баргузории ҳамоиш баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон, ҷавонон ва шаҳрвандон аз тағйиру иловаҳо ба Қонунгузории Ҷумҳурӣ, таҳкими тафаккури солим ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти ифротгароёна дар ҷомеа мебошад.

Дар давоми вохӯрӣ оиди дуруст ва самаранок истифода бурдани қувваи барқ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”,  вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, худкушиву худсӯзӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз изҳори назар ва баромад намуданд.