Баромаду вохӯриҳо вобаста ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

Суди шаҳри Конибодом бо мақсади иҷрои супоришҳои хаттии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди амалисозии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 нақшаи чорабиниҳои худро таҳия ва тасдиқ намуда, вобаста ба иҷроиши он аз ҷониби роҳбарияти суд ва судяҳо гуруҳи корӣ таъсис додашудааст.

Гурҳӯи кории санаи 24 апрели соли 2024 таҳти роҳбарии муовини якуми раиси суди шаҳри Конибодом Ғанизода К.Т. муовини раиси суд Мусобекзода Т.М., судяҳо Ғаффорзода А., Водизода С., Ҷуразода Х.Ҳ., Муҳиддинзода М.Б. ва Раҷабализода Б.Р. ва дар якҷоягӣ бо нозири калони ГОПҲНҶ ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Абдусаматзода Э.А. дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2 ва 31 –и шаҳри Конибодом бо омӯзгорон ва падару модари хонандагони муассисаи мазкур вохӯрӣ гузаронида оид ба масъалаҳои «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024, нуқтаҳои асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа, фаъолон ва ходимони дин, меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баромадҳо намуда, инчунин ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас доданд.