Тероризм ва экстремизм хатар ба ҷомеа

Тероризм ва экстремизм хатар ба ҷомеа

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид доштанд, ки «агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботӣ устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амали намегардад. Инро бояд хурду бузурги мамлакат дар хотир дошта бошанд. Бинобар ин сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи кишвар таъмин намоянд. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберї ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллиї вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад».

 

Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутасифона, имрўз ҳам паст нашудааст.

Халқи тоҷик имрўз некро аз бад ба осонӣ фарқ мекунад ва ҳаргиз фирефтаи иғвою дасисаҳои душманон бадхоҳони миллат намешавад. Аммо насли наврасу ҷавон ки камтаҷриба ҳастанд, бояд аз ин хатарҳо огоҳии комил дошта бошанд. Бинобар ин дар партави гуфтаҳои Пешвон муаззами миллат моро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи худ дар ин раванд, диққати асосиро ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиви экстремистӣ равона созем.

Ҷуразода Хурсанд Ҳикматулло, судяи суди шаҳри Конибодом