ПАЁМ УНСУРИ КАЛИДИИ РУШДИ ҶОМЕА

ПАЁМ УНСУРИ КАЛИДИИ РУШДИ ҶОМЕА

Баъди соҳибият ба Истиқлоли давлатӣ, хусусан бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили пайдарпайи он, дар ҳаёти сиёсию ҳуқуқии кишвар як падидаи муҳими давлатӣ — паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ташаккул ёфт. Он давоми беш аз се даҳсола ҳамчун барномаи мукаммали рушд ва роҳнамои стратегӣ барои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат хизмат намуда, дар он масъалаҳои калидии рушди давлатдорӣ, ҷомеа ва иқтисод мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор медињад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол 26 маротиба бо Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ муроҷиат намуда, тавассути онҳо афзалиятҳои сиёсати давлатӣ, вазифаҳои мақомоти ҳокимият ва дурнамои рушди кишварро дақиқ муайян кардаанд.

Таҷрибаи солҳои истиқлол нишон медиҳад, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар ислоҳоти низоми қонунгузорӣ нақши муассир мебозанд. Қабули қонунҳои нав, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, такмили фаъолияти мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ва татбиқкунандаи ҳуқуқ, инчунин мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ маҳз дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Паём сурат мегиранд.

Меҳвари арзишҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва рақобати солим дар иқтисодиёт аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими даврони истиқлол мебошанд, ки дар Паёмҳои Пешвои миллат пайваста таъкид мегарданд.

Яке аз дастовардҳои муҳим ва фаромиллии Паёми имсолаи Пешвои миллат эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» мебошад. Қабули қатъномаи мазкур на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки пирӯзии маънавӣ ва илмии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, эътирофи ташаббусҳои созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон мебошад.

Ҷабборзода Фурқат Саттор, Раиси суди шаҳри Конибодом