ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ КУҲАНДИЁРИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ ОИД БА ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВОХӮРИИ СУДМАНД ОИД БА ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими  ҷашну маросим, Масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, ПЕШГИРӢ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ ва пешгирии барҳамхурии оилаҳо  ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ Куҳандиёр.

Дар Ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳри Конибодом бо иштироки Муовини якуми раиси суди шаҳр Ғанизода Комилҷон Тағойбек, Муовини Раиси суди шаҳр Мусобекзода Тоирбек, котиби маҷлиси судӣ Орифӣ Комрони Зайнидин  ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, имомхатибон, кормандони ҷамоатҳои деҳот, фаъолони шаҳри Конибодом оиди Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ,  ҷавобарӣ барои вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими  ҷашну маросим”, масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика” ва дар масоили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терроризм ва экстремизм инчунин ифротгароӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар давоми вохӯрӣ оиди дуруст ва самаранок истифода бурдани қувваи барқ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”,  вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, худкушиву худсӯзӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз изҳори назар ва баромад намуданд.