ВОХӮРИИ СУДМАНД ОИД БА ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ВОХӮРИИ СУДМАНД ОИД БА ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 –и шаҳри Конибодом  бо иштироки раиси муовини раиси суд Мусобекзода Т.М. судяњо Исроилзода Д.М. ва Саторзода Ш.Ҳ. ва мушовири суд Сидиқзода М. бо омӯзгорону толибилмон ва волидайни толибилмон оиди Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.

Судя Исроилзода Д. ба сухан баромада, қайд намуд, ки ҳадафи баргузории ҳамоиш баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон ва волидайни онҳо аз самтҳои ҳамаҷонибаи паём мебошад.

 

Дар давоми вохӯрӣ муовини раиси суд Мусобекзода Т., судя Саторзода Ш.Ҳ. ва мушовири суд Сидқзода М.Т. оиди дуруст ва самаранок истифода бурдани қувваи барқ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”,  вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ бо маҷсади сазовор ҷашн гирифтани 35 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, изҳори назар ва баромад намуданд.