БАРГУЗОРИИ КУРСИ ОМӮЗИШИИ “ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР МАВЗУИ “НАҚШИ МАҚОМОТИ СУДӢ ДАР ИДОРАИ ДАВЛАТӢ”
БАРГУЗОРИИ КУРСИ ОМӮЗИШИИ “ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР МАВЗУИ
“НАҚШИ МАҚОМОТИ СУДӢ ДАР ИДОРАИ ДАВЛАТӢ”
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом тибқи нақшаи тасдиқгардида курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” дар мавзуи “Нақши мақомоти судӣ дар идораи давлатӣ” баргузор гардид.
Дар кори курси омӯзишӣ судяи Суди шаҳри Конибодом Исроилзода Д.М., мушовири Суди шаҳри Конибодом Сиддиқзода М.Т. ва котиби маҷлиси судӣ Умарзода Н.Д. иштирок намуда, бо маърӯзаҳо баромад карданд.
Курси омӯзиширо мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом Фаррух Рӯзиев ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ оид ба аҳаммияти маҳфили омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” дар самти баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва омӯзиши мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат ибрози назар намуда, меҳмонони чорабиниро муаррифӣ кард.
Судяи Суди шаҳри Конибодом Исроилзода Д.М. зимни баромади худ таъкид намуд, ки мақомоти судӣ ҳамчун рукни муҳими сохтори давлатӣ дар таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва таъмини адолат дар ҷомеа нақши беназир доранд. Фаъолияти кормандони мақомоти судӣ асоси пойдорӣ ва самаранокии низоми адолати судиро ташкил медиҳад.
Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки ислоҳоти судӣ баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 яке аз муҳимтарин иқдомҳо дар роҳи поягузорӣ ва ташаккули давлати демократӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабинӣ мушовири Суди шаҳри Конибодом Сиддиқзода М.Т. зимни суханронии худ иброз дошт, ки нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлатӣ ва пешрафти ҷомеа бисёр муҳим мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти ҳокимияти судӣ сол ба сол таҳким ёфта, судҳо вазифаҳои муҳими давлатиро дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолат таъмин менамоянд ва баробарии шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нигоҳ медоранд.
Дар фарҷом шунавандагони курси омӯзишӣ бо руҳияи болида ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ фаъолона иштирок намуда, бо саволу пешниҳодҳои худ баромад карданд ва ба саволҳояшон ҷавобҳои муфассал гирифтанд.

Суди шаҳри Конибодом 