ПАЁМ БА СОЗАНДАГӢ ҲИДОЯТГАР АСТ
ПАЁМ БА СОЗАНДАГӢ ҲИДОЯТГАР АСТ
Паёми навбатии Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми соҳаҳо аз кабили саноат, кишоварзӣ, тандурустиву маориф ва илм, роҳу нақлиёт, энергетикаву сармоягузори, бахши сохибкори ҳамчун дурнамо маҳсуб ёфта, айни замон вазифаҳои имсолаву панҷсолаҳои оянда назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва вазорату кумитаҳо мушаххас роҳгузори гардидааст.
Боиси хушнудист, ки дар мамлакатамон рушди иқтисодиву ичтимоӣ бемайлон вусъат ёфтааст. Дар ин ҷода чи хеле, ки сардори давлат зикр намудаанд, сарчашмаҳои маблағгузори аз ҳамаи ҳисобҳо бештар аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиарл сомонӣ сармояи хоричӣ равона шудааст, ки таи даҳ соли охир ин ба пешрафту ободониҳо мусоидат намудааст.
Пешвои миллат хини ироа зикр намуданд, ки ташаббусҳои дар сатҳи баиналмиллали пешниҳодгаштаи чониби Тоҷикистон ба мисли “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера”, эълонсозии соли 2027-ум ҳамчун “Соли байналмиллалии маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданаш манфиати ҳамагонро ииъикос дорад ва дар ҳалли муаммоҳои глобалии умумиҷахонӣ нақши муайяне мегузорад.
Зимни ин дар бобати“Солҳои рушди рақамӣ ва инноватсия ” аз ҷониби роҳбари давлат супоришот шуд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақами якҷоя бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия баҳри омодасозии кадрхои баландпоя тадоирҳои зарурӣ андешанд.
Бо дарназарлошти тараккиёти илму техника дар даврони муосир Пешвои миллат мавриди забономузи хотиррасон шуданд, ки вазъи омузиши забонхои русиву англиси аз чониби гурухи босалохияти кори баррасй ва чихати суръатнокии онро тезонидан ба Хукумати мамлакат хулосахои асоснок пешниход карда шавад.
Беҳбудонии сатҳи зиндагонии аҳолӣ аз масъалаҳои муҳимтарину ҳадафи олитарини Ҳукумати кишвар ва хоса Пешвои миллат ба шумор меравад, бинобар ин таъкид гашт, ки дарин самт тадбирҳои зиёде амалӣ хоҳад шуд.
Соли 2026-ум соли таърихист ва сазовор ҷашнгирии 35-умин солгарди Истиқлолияти миллӣ вазифаи ҳар фарди ватандуст аст. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси қаноатмандӣ қайд карданд, ки тамоми қишрҳои ҷомеа таи панҷ соли охир баҳри сазовор истиқболи ин санаи муқаддас корҳои бузургро анҷом додаанд ва бо боварӣ изҳор сохтанд, ки «ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил доранд”.
Моро ии суханои ба иқдомҳои нек дар корҳои ободониву созандагӣ албатта роҳнамунӣ менамояд ва иҷрои дастурҳои сарвари мамлакат аз ҳар яки мо аҳливу меҳнатдустиро талқин месозад.
Исроилзода Дилноза Муҳиддиинҷон, судяи Суди шаҳри Конибодом
Суди шаҳри Конибодом 