Тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои муаззами миллат аз ҷониби кормандони Суди шаҳри Конибодом дар Ҷамоати деҳоти ба номи Фирӯзобаи шаҳри Конибодом
Тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои муаззами миллат аз ҷониби кормандони Суди шаҳри Конибодом дар Ҷамоати деҳоти ба номи Фирӯзобаи шаҳри Конибодом

Бо мақсади иҷрои нақша чорабиниҳои суди шаҳри Конибодом оид ба тарғибу ташвиқи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз ҷониби кормандони суди шаҳри Конибодом дар ҷамоати деҳоти ба номи Фирӯзоба мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот Раиси суди шаҳри Конибодом Ҷабборзода Ф.С., судяҳо Муҳиддинзода М.Б. ва Саторзода Ш.Ҳ. ва котиби маҷлиси судӣ Орифӣ К. иштирок намуда, оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат баромад намуданд.
Зимни мулоқот баромадкунандагон дар баромади худ таъкид доштанд, ки Паёми имсола фарогири аксари самтҳои муҳими хоҷагии халқи кишвар ва бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ буда, ҳамчун роҳнамо ва дастури муҳим барои фаъолияти минбаъдаи масъулини сохторҳои давлатӣ ва ҳар як шаҳрванд хизмат менамояд.

Инчунин дар мулоқот доир ба масъалаҳои ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди роҳу коммуникатсия, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, падидаи номатлуби терроризму экстремизм, мазмуну муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими ҷашну маросим” ва «Масъулият дар таълиму тарбияи кудак» инчунин иҷрои ҳамаҷонибаи қонунҳои мазкур, самаранок истифода бурдани қувваи барқ суханронӣ намуданд.
Сипас, дар доираи эълон гардидани соли 2026 — Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва таҳкими эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ, бахусус дар миёни наврасону ҷавонон, мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Дар охир аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар соли таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои босамари дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва вусъат бахшидани корҳои созандаву бунёдкорона саҳми арзандаи худро гузоранд.

Суди шаҳри Конибодом 