Конфренсияи илми — назариявӣ бахишда ба Рўзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Конфренсияи илми — назариявӣ бахишда ба Рўзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 21 ноябри соли 2025 соати 11 дар толори муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 -и шаҳри Конибодом Конфренсияи илми — назариявӣ бахишда ба Рўзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суди шаҳри Конибодом муҳтарам Ҷабборзода Фурқат Саттор, муовини аввали раиси шаҳри Конибодом Шокирӣ Шӯҳрат, директори муассиса Ғафурзода Дилором ва дигар кормандони суди шаҳри Конибодом, омӯзгорон ва толибилмони муассисаи мазкур гузаронида шуд.
Сараввал директори муассисаи мазкур Ғафурзода Д. кори конфренсия оғоз намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо рўзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборак бод намуда, суханро ба муовини аввали раиси шаҳри Конибодом Шокирӣ Ш. дод. Дар идомаи конфронс муовини аввали раиси шаҳри Конибодом Шокирӣ Ш. табрикоти Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Зоҳидзод Давронро ба саъми иштирокчиён расонид.
Дар давоми конфронс Раиси суди шаҳри Конибодом муҳтарам Ҷабборзода Ф.С., Судя Исроизода Д.М. ва котиби маљлиси судӣ Орифӣ К. вобаста ба таъриху пайдоиши парчами давлатӣ, саҳми арзанда ва нотакрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эълон шудани рӯзи парчам баромадҳо намуданд.
Пас аз анҷоми конфронс аз ҷониби толибилмони муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 -и шаҳри Конибодом барои иштирокчиён чорабинии фарҳангӣ ба намоиш гузошта шуд.


Мавлонзода Далер Воҳид, Ёрдамчии раиси суди шаҳри Конибодом
Суди шаҳри Конибодом 