Паёми шодбошии Раиси суди шаҳри  Конибодом

  Паёми шодбошии Раиси суди шаҳри  Конибодом

Ҳамдиёрони гиромї! Мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон пеш аз ҳама ҳамаи Шумоёнро ба муносибати санаи муқаддаси таърихӣ- 24-уми ноябр «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику таҳният гуфта, ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба тамоми сокинони ҷумҳурӣ сулҳу субот ва зиндагии босаодату осоиштаро хоҳонам.   Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ бидуни шакку шубҳа омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангию сиёсии ҷомеа буда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовори худро дорад. қ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як Тоҷикистонии ватандӯсти бонангу номус мебошад.  ҳ

Дар ин рӯзи фархунда  ба мову Шумо имконият дода шудааст, ки оид ба  Хусусият ва аҳамияти ҷашни «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухтасар ёдовар шавем.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатӣ барои мо азизу муътабар буда, таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ боиси ифтихор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарасти тоҷик аст.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад.

Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари бисту се масъалаи мубраму бузург, ки оқилонаву дурандешона баррасӣ ва ҳал гардидаанд, инчунин санаи 24-уми ноябри соли 1992 яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатӣ Парчами давлатӣ низ қабул гардид.

Минбаъд бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2009 зимни суханронӣ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, ин санаи таърихӣ ҳамчун “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон карда шуд.

Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарафрозӣ ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Таърих шаҳодат медиҳад, ки аслан парчамбардорӣ барои аҷдодони мо – тоҷикон, ҳанӯз аз замонҳои дури таърих сарчашма гирифта, хосияти бузурги тарбиявию ахлоқиро дар худ таҷассум кардааст. Дар ин раванд, эҳтиром ба Парчами миллӣ ин муҳаббат ва арҷгузорӣ ба давлату халқ, ба рӯҳи поку мероси аҷдоди бузурги худ буда, ҳар кадоми моро ба ваҳдату сулҳу субот, созандагиву ободгариҳо,тавоноиву нерӯмандӣ ҳидоятгар мебошад.

Ба ҳаммаи мову Шумо маълум аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат санаи 30 августи соли 2011 дар арафаи ҷашни 20 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакатамон  шаҳри Душанбе Парчами кишвар, ки яке аз баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, бо баландии 165 метр барафрохта шуд.

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд “Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории мо бо се ранги худ баёнгари  ҳувият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад.

Бинобар ин, бузургдошти «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маънои дарки аҳамияти калидии ин рамзи давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Эътироф шудани Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ҳаммаънои самимона дӯст доштани Ватани маҳбуб, арҷ гузоштан ба муқаддасоти он ва эҳтиром ба ҳар ваҷаб замину ҳар қатра оби зулоли он аст. Тамоми маҳбубиятҳо назди маҳбубияти Ватан ҳеҷанд, алоқае шадидтар аз меҳри Ватан нест. Аз таҷрибаи давлатдории кулли кишварҳои олам бармеояд, ки мардуми тамоми дунё муҳаббати хешро ба ватан маҳз тавассути рамзҳои он, аз ҷумла Парчам ифода мекунанд. Яъне, ки Парчами парафшон ифодаи ободии ватан аст.

Арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддас ва ифтихори милливу меҳанпарастии ҳар як фарзанди содиқи Ватан маҳсуб меёбад. Парчами давлатӣ дар баробари дигар рамзҳои асосии давлатдорӣ муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Парчами давлатии Тоҷикистон чун дирафши ковиёнӣ барои халқи тоҷик бисёр азизу муқаддас аст. Дар рӯбарӯи парчами давлатии Тоҷикистон аз сарбози оддӣ то Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири хизмати содиқона ба Ватану миллати хеш савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои кишварамон дар давлатҳои дигар парчами мо парафшонӣ мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кишваре сафар кунад ва мулоқотҳо анҷом диҳад ё варзишгарони тоҷик чун дар мусобиқаҳо пирӯзӣ ба даст оранд, баробари садо додани суруди миллӣ албатта парчами кишварамон низ афрохта мешавад.

Воқеан ҳам Парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дошта, ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Парчами давлатӣ нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги миллат ба шумор меравад.

Рӯзи Парчами давлатӣ на танҳо як санаи рамзӣ, балки василаи таҳкими ҳувияти миллӣ ва ваҳдати мардум мебошад. Парчам дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва сулҳҷӯ муаррифӣ мекунад. Дар дохили кишвар бошад, он ба ҷавонон ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдориро меомӯзонад. Ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ тамоми чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, илмӣ ва варзишӣ зери парафшонии парчами давлатӣ баргузор мегарданд. Ин анъана барои таҳкими ҷаҳонбинии ватандӯстона ва баланд бардоштани эҳсоси масъулиятшиносии шаҳрвандон нақши назаррас дорад.

Парчам ҳамчун як рамзи идеологӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим мебозад. Таҳқиқоти олимон нишон медиҳанд, ки рамзҳои давлатӣ (мисли Парчам) дар ташаккули индентификатсияи миллӣ ва таҳкими қудрати давлат нақши асосӣ доранд. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳангҳои гуногун, нигоҳдории рамзҳои миллӣ яке аз воситаҳои асосии ҳифзи суботи маънавии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Парчами на танҳо як ҷашни давлатӣ, балки як амали муҳими иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Хулоса, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ваҳдат, истиқлолият ва худшиносии миллӣ аст. Ҷашни Рӯзи Парчам боиси баланд шудани сатҳи ифтихори миллӣ, ваҳдати мардум ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ мегардад. Дар шароити муосири ҷаҳонӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ – пеш аз ҳама, эҳтиром ба давлат ва миллат мебошад.

Дар охир бо истифода аз фурсати муносиб ва илҳом аз ватану ватандорӣ, ҳамаи Шумоёнро бори дигар ба муносибати рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, ба ҳамаатон сиҳатмандии комил, рӯзгори  босаодат  ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот ва рушди безавол хоҳонам.

Раиси суди шаҳри Конибодом :  Ҷабборзода Ф.С.