Вохӯри бо омӯзгорон ва хонандагони муасисаи таҳсилоти миёнам умумии №9 -и шаҳри Конибодом

Санаи 19 майи соли 2026 бо мақсади иҷрои стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ, нақша чорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои хаттии раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории суди шаҳри Конибодом, муовини раиси суди шаҳри Конибодом Мусобекзода Т.М.,  судя  Водизода С., ёрдамчии раиси суд Мавлонзода Д.В. ва котиби маҷлиси судӣ Орифӣ К. бо омӯзгорон ва хонандагони муасисаи таҳсилоти миёнам умумии №9 -и шаҳри Конибодом вобаста ба мавзӯҳои «Оид ба арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо мақсади паст кардани омилҳое, ки барои паҳн гардидани ақидаҳои экстремистӣ мусоидат менамоянд», “Ҷавобгари барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ” “Ҷавобгари барои истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин”, “Риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои динӣ”, “Риоя накардани қонунгузорӣ оид ба истеҳсол, содирот, воридот, фурӯш ва паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин дигар ашё ва маводи дорои таъйиноти динӣ” ва “Ғайриқонунӣ ба роҳ мондан ва гирифтани таълими динӣ” баромадҳо намуда, ба саволҳои иштирокчиёни вохӯрӣ ҷавобҳои мушаххас додаанд.