ТИНҶӢ МАНБАИ ОБОДОНИСТ

​Ваҳдати миллӣ ба ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст бениҳоят муқаддас маҳсуб ёфта ва ҳифзу таҳкимбахши он аз вазифаи аввалиндараҷа мебошад, ки ҳамин нуктаро Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид доранд: «Ҳар фарде, ки қадру манзалати Тоҷикистонро азиз медонад, бояд ба дастоварди бузург – ваҳдати миллӣ ҳамеша эҳтиром гузошта, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад».

​Ин суханони роҳбари давлатамон моро ба ҳисси баланди худшиносӣ даъват намуда, илҳом месозад, ки ҳамеша муттаҳиду ҳамеша пай ҳифзи Ватан омода бошем. Зеро Ваҳдату якдигарфаҳмӣ пояи Истиқлолияти миллиро таҳким бахшида, ба тараққиёти рӯафзуни давлатдорӣ шароит фароҳам меорад.
​Бояд қайд кард, ки тӯли 29 соли мавҷудияти тинҷиву осоиштагӣ халқи меҳнатпешаи кишвар таҳти ҳидоятҳои бунёдкоронаву созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиро таъмин карда, ба беҳбудии сатҳи зиндагӣ таҳкурсӣ ниҳоданд.
​Ҳамзамон гуфтан бамаврид аст, ки тинҷиву оромӣ имкон фароҳам овард, ки ҳифзи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун дар ҷомеа таъмин гардад. Албатта ин бо шарофати сиёсати дурандешонаи сарвари мамлакат моро муяссар шудааст.
​Дар ниҳояти сухан ҷоиз аст, ки аз таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истиқболи 35-умин солагарди Истиқлолияти миллӣ ёдоварӣ намоям, ки мо бояд, «саъю талоши худро ба ободии Ватанамон ва рушди кишвари соҳибистиқлоламон равона созем ва ба ҷаҳониён сулҳпарвар ва соҳиби тамаддуни бостонӣ буданамонро собит намоем».
​Бигзор ҳар яки моро ин даъвати сардори давлат баҳри иқдомҳои созанда раҳнамун бошад.
​Саторзода Шоҳрух Ҳайитбек,
судяи Суди шаҳри Конибодом