Конфренсияи илмиӣ – назариявӣ ба ифтихори 30 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар суди шаҳри Конибодом санаи 4 ноябри соли 2024 конфренсияи илмиӣ – назариявӣ ба ифтихори 30 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли маърифати ҳуқуқ таҳти унвонӣ “Нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ” гузаронида шуд.
Дар конфронс кормандони суди шаҳри Конибодом аз ҷумла Муовини раиси суди шаҳри Конибодом Мусобекзода Т.М. дар мавзӯи “Нақши ҳокимияти судӣ дар мали гардони Конститутсия”, судя Исроилзода Д.М. дар мавзӯи “Нақши меҳварии Кониститутсия дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол”, нозир коргузори суд Ашрафов Х.И. дар мавзӯи “Нақш ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар руши Конститутсия”, Котиби маҷлиси судӣ Орифӣ К. бо забони англисӣ дар мавзӯи “The Constitution of the Republic of Tajikistan” котиби маҷлиси судӣ Қодиров М. бо забони русӣ дар мавзӯи “Рол Консититутци Республика Таджикистан в усовершенствовании правовой системы страны” баромадҳо намуданд.
Инчунин бахшида ба 30 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони суди шаҳри Конибодом бо Сипосномаҳо сарфароз гардонида шудаанд.