Иштирок дар Дави миллӣ дар шаҳри Конибодом
Санаи 17-уми май мутобиқи Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 таҳти рақами 225 “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ”, дар доираи “Як моҳи ҷавонӣ” ва тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар кӯчаи Бобокалонови шаҳри Конибодом бо иштироки васеи сокинон, роҳбарияти шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, хонандагону донишҷӯён Дави миллӣ баргузор гардид.
Ташкилу баргузории чунин чорабиниҳои оммавии варзишӣ самараи сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби аҳолӣ, махсусан ҷавонон ба варзиш маҳсуб меёбад. Маҳз бо дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат дар мамлакат барои рушди инфрасохтори варзишӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷисмонии ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият, судяҳо ва кормандони суди шаҳри Конибодом фаъолона иштирок намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли Дави миллӣ бо Сипосномаи Раиси шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Суди шаҳри Конибодом 