Дар Душанбе иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси миллӣ даъват карда мешавад

ДУШАНБЕ, 03.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 19 марти соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ,  дар иҷлосияи мазкур Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда мешаванд.

Дар назар аст, ки дар иҷлосия  инчунин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019» ва як зумра масъалаҳои мубрам ҳисобот диҳад.