АРҶГУЗОРӢ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

        АРҶГУЗОРӢ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

16 ноябр ҳамасола дар кишварамон ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад. Чӣ тавре, ки дар моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” омадааст, ба назар гирифта шудани саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ таҳия гардидааст.
Агар ба таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол нигарем бо шарофати пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллат дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ба Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданашон нишон дод, ки марди қавлу амал аст. Ҳастии худро баҳри шукуфоии халқи азизамон бахшида, дар кишвар сулҳу суботро барқарор карда, муаррифгари Тоҷикстонро ба арсаи олам аз ҷумла сокинони кишварро ба созандагӣ, бунёдкорӣ, бартараф кардани сатҳи камбизоатӣ ва раҳоӣ ёфтан аз бумбасти комуникатсионӣ ҳидоят менамоянд. Бояд қайд кард, ки ҳануз аз солҳои аввали интихоб шуданашон ба мансаби Президентӣ, яъне роҳбари тозаинтихоби кишвар нақшаи сулҳу- суботро таҳрезӣ намуда, кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва идоракунии давлатро бар душ гирифта буданд, ки имруз ҳар яки мо шоҳиди он ҳастем. Яъне имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳони муосир мавқеи босазоро соҳиб гашта, Тоҷикистон ба ватани озодагон табдил ёфта, дар тамоми мамлакат корҳои созандагию ободонӣ давом доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқи худ иҷрои чаҳор вазифаи ҳаётан муҳимро гузоштаанд аз ҷумла: таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷори кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди нерӯи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ, барои амалӣ шудани ин ҳадафҳои тақдирсоз пайваста заҳмат мекашанд, ки ин иқдомҳои бузурги Пешвои миллат барои халқу миллат то абад фаромўшнаванда аст. Ин иқдомҳои нек маҳз аз Конститутсия сарчашма гирифта, дар он шакли ҷумҳуриамон президентӣ мебошад ва маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он қабули фаврии қарорҳои идоравӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқи ҷорӣ карда шудаанд, аз он шаҳодат медиҳад, ки гузаштан ба низоми президентӣ, натанҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид.
Дар маҷмуъ бояд қайд кард, ки давлату миллат, таъриху ниёгонҳои миллат ва ояндаву фардои миллатро бе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон аст. То абад бимонад ҷовидон халқу миллати тоҷик бо Президенти худ Эмомалӣ Раҳмон!

Мавлонзода Далер Воҳид, ёрдамчии Раиси суди шаҳри Конибодом