ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР КОНИБОДОМ
ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР КОНИБОДОМ
Имрӯз дар варзишгоҳи мактаби махсуси футболи шаҳри Конибодом Рӯзи ҷаҳонии футбол бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода, муовини якум ва муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони соҳаи варзиш, ҷавонон ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгириву таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол, рушду пешрафти бесобиқа касб намуда, барои наврасону ҷавонон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба расман эълон гардидани 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол, нуфузу мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд гардида, саҳми кишвар дар таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ тавассути варзиш назаррас арзёбӣ мешавад.
Таъкид шуд, ки футбол на танҳо яке аз намудҳои маъруфтарини варзиш дар ҷаҳон мебошад, балки василаи муҳими тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди ҷисмониву маънавӣ ва таҳкими руҳияи дӯстиву ҳамбастагӣ дар ҷомеа ба шумор меравад.
Пас аз анҷоми суханрониҳо ба ғолибони мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳр”, ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардид, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ба дастаи соҳиби ҷойи аввал “Ҷоми Раиси шаҳр” супорида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба наврасону кӯдакони мактаби махсуси футбол аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом туҳфаҳои омодашуда тақдим карда шуданд.

Суди шаҳри Конибодом 