Вохӯри бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом

Санаи 1 майи соли 2026 бо мақсади иҷрои саривақтии стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ, нақша чорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои хаттии раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории суди шаҳри Конибодом, муовини якуми раиси суди шаҳри Конибодом Ғанизода К.Т., муовини раиси суд Мусобекзода Т.М., ёрдамчии раиси суд Мавлонзода Д.В., мушовири суд Сидиқзода М.Т. ва котиби маҷлиси судӣ Умарзода Н. бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом вобаста ба мавзӯҳои «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», “Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак”, “Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим”, “пешгири пошхӯрии оилаҳо”, “вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ”, “Ҷавобгари барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ” “Ҷавобгари барои истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин”, “Риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои динӣ”, “Риоя накардани қонунгузорӣ оид ба истеҳсол, содирот, воридот, фурӯш ва паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин дигар ашё ва маводи дорои таъйиноти динӣ” ва “Ғайриқонунӣ ба роҳ мондан ва гирифтани таълими динӣ” баромадҳо намуда, ба саволҳои иштирокчиёни вохӯрӣ ҷавобҳои мушаххас додаанд.