НАҚШИ МОНДАГОР ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ
НАҚШИ МОНДАГОР ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ
«Агар ҳар яки мо дар рушду таҳкими истиқлолияту ваҳдат содиқона саҳм гузошта, дар атрофи давлати миллие, ки баъди садсолаҳо насибамон гаштааст муттаҳид шавем, пас метавон гуфт, ки чун миллати воҳид бо асолату фарҳанг ва симои хоси худ миёни давлатҳои мутамаддини ҷаҳон мавқеи сазовор пайдо хоҳем кард».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар масири таърихи тамаддунофарии миллати тоҷик санаи 27 июни соли 1997 ҳодисаи мондагор аст. Чунки баъди ҷангу кашмакашҳои байниҳамдигарӣ дар дохили мамлакатамон ба даст омадани якдигарфаҳмӣ ва имзои «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» заминаи ваҳдати миллӣ бунёд гирифта, якпорчагии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон таъмин гашт.
Иродаи қавиву талошҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардиду мардуми мо соҳиби чунин иқболи баланд шуданд.
Созишномаи сулҳи тоҷикон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати сулҳофаринӣ дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофу нуфузмандиро лоиқ гашт ва ин сиёсату кордориҳои он кас мавриди омӯзиши коршиносони байналмилалӣ қарор ёфт. Самараи ин таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонист, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон узви даҳҳо созмону ташкилотҳои бонуфуз ва ташаббусҳои Пешвои муаззами мо дар самти обу экология, ҳифзи пиряхҳо ва роҳи ҳалли мушкилотҳои онҳо аз ҷониби хусусан давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид қабул гаштанд. Пазируфтани ин ташаббусҳо, чи хеле, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон қайд кардаанд «ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад».
Вобласта ба ин суханони роҳбари давлат ёдоварӣ ҷоиз аст, ки дар баромаду вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳнаву ҳамоишҳои байналмилалӣ масъалаи терроризму экстремизм, ки ба оромии ҷаҳониён халал ворид менамояд ва пешгирии хатари он зикр мегардад. Чунончӣ, дар мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иброз карданд, ки ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар мубориза бо чунин хавфу хатарҳои муосир, ба монанди – терроризму ифротароӣ, тундгароии динӣ, таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромарзӣ шарту ҳатмист.
Ин ҷиноятҳои фаромарзӣ ҳаёти тинчу осударо ба нооромӣ ва ҷаҳонро ба вайрониву нобудиҳо дучор мекунад, аз ин сабаб танҳо дар ҳамкориву якҷоягӣ бо давлатҳо пеши роҳи онро гирифтан имконпазир аст ва даъвати сарвари Тоҷикистон ҳамин мазмунро ифода дорад.
Баҳри мо боиси сарфарозист, ки таҳти чунин роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ободониву бунёдкориҳоро пеш гирифтаву вусъат мебахшем ва бо меҳнати созанда кишварамонро рушду густариш медиҳем, дар баробари ин ваҳдату соҳибистиқлолиро ҳифз менамоем.
Исроилзода Дилноза Муҳиддинҷон, судяи Суди шаҳри Конибодом
Суди шаҳри Конибодом 