Вохӯри бо сокинон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом
Санаи 5 майи соли 2026 бо мақсади иҷрои саривақтии стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ, нақша чорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои хаттии раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории суди шаҳри Конибодом, судяҳои Суди шаҳри Конибодом Ҷуразода Хурсанд Ҳикматулло ва Муҳиддинзода Муҳиддин Бобо ва ёрдамчии раиси суд Мавлонзода Д.В., бо сокинон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом вобаста ба мавзӯҳои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», “Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак”, “Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим”, “риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ”, “вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ”, “Ҷавобгари барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ” “Ҷавобгари барои истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин”, “Риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои динӣ”, “Риоя накардани қонунгузорӣ оид ба истеҳсол, содирот, воридот, фурӯш ва паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин дигар ашё ва маводи дорои таъйиноти динӣ” ва “Ғайриқонунӣ ба роҳ мондан ва гирифтани таълими динӣ” баромадҳо намуда, ба саволҳои иштирокчиёни вохӯрӣ ҷавобҳои мушаххас додаанд.

Суди шаҳри Конибодом 