Конститутсия – қонуни асосии давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол

Конститутсия – қонуни асосии давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол

 

Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад.  Дар ҷомеа зарурати таърихии интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеъан олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ эҳсос мегардид. Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷудомада, зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён овард. Бо ҳидояти хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ба арзишҳои аслии башарӣ ва ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари худ асос гузошт. Дар саргаҳи ин иқдом қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт ва бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалкӣ сурат гирифта, хамчун хуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз чониби ҷомеаи ҷахонӣ эътироф шуд. Дар ин замина 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифт. Ин рӯйдод яке аз дастовардҳои бузурги давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ба шарофати Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва халқи тоҷик ҳамчун мардуми бунёдкор ва сулҳпарвару фарҳангӣ шинохта шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии миллат ба ҳисоб меравад. Мувофиқи ин қонун давлат ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз тарафи давлат эътироф ва кафолат дода мешаванд. Тибқи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ба ягон ваҷҳ, ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол кунанд. Масъалаи муҳими дигар ин дахлнопазирии шахсият, моликият ва монанди инҳо мебошад.

Низоми нави давлатдорӣ, ки Президенти мамлакат дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ ва низоми қонунгузорӣ тарҳрезӣ намуданд, барои озодии инсон ва ҷомеа муҳит ва заминаҳои воқеӣ муҳайё кард.

Барои ҳар як шаҳрванд озодии андеша, виҷдон, райъу ирода ва озодии фаъолиятхои иктисодӣ фароҳам оварда шуд. Озодии инсон, истиқлолияти миллат ва давлатдории миллӣ, ки Президенти кишвар хадафи олии худ эълом дошта буданд, бо пайравии содиқонаи фарзандони бонангу номуси Ватан ва захматҳои шабонарузии Сарвари миллат пойдор гардид.

Пушида нест, ки маҳз маҷмӯи қонунҳо дар зиндагӣ инсонҳоро мададгор мешавад, фаъолияташонро ба низом меоварад ва уқдаҳои мушкилоти ононро во месозад. Аз ҷумла:

  1. Тамоми аркони давлат бояд тибқи нишондодҳои Қонуни асосӣ фаъолият намоянд;
  2. Кулли қонунҳои дигар бояд дар заминаи Констутсия таҳия ва мавриди истифода қарор бигиранд;
  3. Конститутсия бояд такягоҳи асосии давлату ҳукумат бошад ва ҳама мақомоти мавҷуда фаъолияти хешро мувофиқи он ба роҳ монанд;
  4. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дода, амният ва ваҳдати миллиро таъмин мекунад.

Қобил ба таъкид аст, ки дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст. Инак, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн дорад ва мардум бо камоли сарбаландӣ 6 ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳсутуни кохи миллат аст, ҳамасола қайд менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки Конститутсия дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифадор аст, ки шиносномаи давлату миллат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром намояд.

Мавлонзода Далер Воҳид, ёрдамчии раиси суди шаҳри Конибодом