ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ!

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ҲАСТИИ МИЛЛАТ!

Забони тоҷикӣ, ки забони расмї ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ мебошад. Бо ин забони шевою гуворо на танҳо шаҳрвандони маскуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тоҷикони муќими ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, минтақаҳои тоҷикнишини Афғонистон муошират мекунанд.

Забони тоҷикӣ ҳамчун таҳкурсии адабиву фарҳангӣ кулли сокинони Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад, зеро василаи ягонаи муколама миёни қишрҳои ҷомеа аст. Рушду такомули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад, зеро истиқлоли забонӣ пояи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ маҳсуб мешавад.

Дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ расида, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик ва сокинони кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон, дар ҷаҳони муосир гардидааст.

Забони тоҷикӣ – ёдгории маънавии миллиамон, ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқ инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории тоҷикон мебошад. Барои ниёгони мо ифтихор аз ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буд, чунки дар ҳама давру замон забон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ба ин маънӣ, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад,зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тули асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.

Яке аз моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забон бахшида шудааст ва ин гувоҳи дар меҳвари сиёсати давлатии Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон қарор доштани ин арзиши волои милливу давлатӣ мебошад. Мувофиқи моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд”.

Дар шароити пуртаззоду зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ масъул аст, ки дар гиромидошти забони модарии хеш ва таҳкиму густариши забони давлатӣ саҳмгузор бошад. Вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо, ин рукни меҳварии давлатсозу миллатофар мебошад.

Ҷабборзода Фурқат Саттор, Раиси суди шаҳри Конибодом