ТАБРИКОТИ  КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ

ТАБРИКОТИ  КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ раиси шаҳри Кониодом Даврон Зоҳидзода ҳамроҳ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кормандони мақомоти судиро табрик намуданд.

Зимнан раиси шаҳр аз нақшу саҳми назарраси мақомоти судӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ ёдовар шуда, ҳамаи кормандону собиқадорони соҳа­ро бо иди касбӣ табрику таҳният гуфтанд.

Роҳбари шаҳр таъкид намуд, ки мақомоти судӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зери раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи устувори рушдро тай намуда, имрӯз ба низоми пуриқтидори давлатӣ табдил ёфтааст. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ҷомеаро таъмин менамояд.

Бо таъкид ба саҳми босазои кормандони соҳа дар рушди устувори давлатдорӣ ва адолати иҷтимоӣ, раиси шаҳр иброз дошт, ки итминон доранд — минбаъд низ кормандони мақомоти судӣ бо эҳсоси баланди масъулият рисолати пурифтихори худро содиқона иҷро хоҳанд намуд.

Дар фарҷом ба кормандони мақомоти судӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.