Риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Раиси суди шахри Конибодом Саидзода И.Х. санаи 3 июли соли 2019 дар маҷлиси сайёри судӣ дар толори мачлисгохи  чамоати дехоти Э. Шарипови шахри Конибодом парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Содиков Комил Ботурович, 26-уми июли соли 1967 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Конибодом,  миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби чор фарзанд, ҷои кор бекор, истиқоматкунандаи шаҳри Конибодом, дехаи Махрам, кўчаи Шарипов 54, бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.

Аз ҷониби Комиссияи доимамалкунандаи танзиму анъана ва чашну маросими МИХД-и  шаҳри Конибодом нисбати Содиков Комил Ботурович барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Муайян карда шуд, ки Содиков Комил Ботурович санаи 6-уми июни соли 2019 соати 13:00 дакика дар хавлии истикоматиаш додани маъракаи оши туйи фарзандашро дар рузи кори бо иштироки зиёда аз 40 нафар мехмонон баргузор намуда талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Тибқи муқаррароти ин меъёри қонун, баргузории маъракахои туйи дар рузхои кори аз соати 18:00 то 22:00 дакика пешбини карда шудааст.

Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Содиков Комил Ботурович худашро дар содир намудани ҳуқу

қвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор ҳисобида аз суд хоҳиш намуд, ки нисбати ў ҷазои сабук таъин карда шавад.

Ба ғайр аз худиқрории Содиков Комил Ботурович гуноҳи ў бо далелҳои дар парванда мавҷудбуда тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори ҳуқуқвайронкунанда Содиков Комил Ботуровичро бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, банду баст кард.

Суд вобаста ба содиркунии ҳуқуқвайронкунии маъмурии мазкур, шахсият ва дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии амали содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Содиков Комил Ботурович-ро ба назар гирифта, нисбаташ раводиди моддаи мазкур ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарим

dig

а ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5500 (панҷ ҳазору панҷ сад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.