Пойдории миллат аз ваҳдат аст
Пойдории миллат аз ваҳдат аст
Якдиливу якдигарфаҳмӣ, якпорчагӣ, муттаҳиду тифоқ будан аз ваҳдат сарчашма мегирад. Ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ваҳдати милли бирасем, онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Раванди сулҳи тоҷиконро сиёсатшиносони маъруф намунаи ибрат ҳисобидаанд ва аз ин лиҳоз, мо ифтихор менамоем, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор ва лоиқи дастгирист.
Ваҳдати миллӣ ҳастии миллат ба шумор мераад. Он ҳамчун арзиши воло маҳсуб ёфта, эҳтиром ва посдоштани он аз ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшинос масъулияти баландро тақозо менамояд. Пешрафту муваффақиятҳои ҳар оила, ҳар қавму миллат ва давлат ба муттаҳиди ва ягонагии он сахт марбут аст.
Маҳз бо шарофати сулҳу ваҳдат, ки ҳосили миллати тоҷик буда, асосан бо ту файли саъю кушиш ва ҷонбозихои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Тоҷикистони соҳибистиклоли мо ба дастовардҳои азими сиёсию иқтисоди ва фарҳангию маънавӣ ноил гашт. Дар мамлакатамон раванди бомаром ва пайгиронаи бунёдкорию созандаги вусъати тоза касб намуд. Тоҷикистон дар радифи дигар мамлакатҳои ҷаҳон соҳиби обрую эътибори хоса гардид.
Сулҳи деринтизор ва поянда барои рушди иқтисодиву ичтимоии кишвар заминаи мустаҳакам гузошт. Татбиқи се ҳадафи стратеги ва эълон шудани ҳадафи чоруми милли саноатикунонии бо суръати мамлакат метавонад дар даҳсолаи оянда кишвари моро ба яке аз давлатхои мутараккӣ оварда расонад.
Ваҳдати милли барои мардуми мо мояи саодату калиди фатҳу пирӯзӣ ва муҳимтарин омили таҳкиму иқтидори Истиқлолияти давлатӣ гардид. Вақте ки мо саҳифаҳои заррини таърихи Тоҷикистони муосирро пас аз ноил шудан ба сулҳу ваҳдат варақгардон менамоем, қалбу вуҷудамон аз шодию фараҳ лабрез мешавад. Мебинем, ки ин ду неъмати бебаҳо чиқадар барои миллати куҳанбунёди мо азиз аст. Ба ин маънӣ ҳақ ба ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Рахмон аст, ки дар яке аз баромадхояш дар рузи таҷлили ҷашни ваҳдати милли фармудаанд: «Ваҳдати милли барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад.
Оре, дар ҳаёту рӯзгори мардуми тоҷик ва айёми давлатсозии муосири демократию ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон нақши сулҳу ваҳдати миллӣ воқеан тақдирсоз мебошад. Аз ин ҷост, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ризоияти миллй дар Тоҷикистон дар радифи Истиқлолият ва Конститутсияи кишварамон яке аз ҳуҷҷатҳои сарнавишсозу зиндагиофарин ва номаи иқболу саодати миллатамон мебошад.
Ганизода Комилчон Тағойбек,
Муовини якуми раиси Суди шаҳри Конибодом