ПАДАР ҶАЗОИ САЗОВОР ГИРИФТ

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа шуморида, барои таъмини зиндагии шоиста ва пойдор нигоҳ доштани он чораҳои бетаъхири қонунӣ андешида, талош бар он меварзад, ки оила чун як рукни муҳими сиёсати давлат пойдору ҷовидона бошад.

Таълиму тарбияи фарзанд яке аз​ вазифаҳои асосии волидон ба ҳисоб меравад.​ Фарзанде, ки дар оила хуб тарбия меёбад, ояндаи дурахшон дорад, тарбияи дурусти фарзанд аз волидон вобастагии калон дорад. Агар волидон дар оилаи хуб тарбия гирифта бошанд ва саводи хубро соҳиб бошанд, кӯшиш мекунанд, ки фарзанди худро низ боодобу хушахлоқ ба воя расонанд.

Нафаронеро дар ҷомеа дучор мешавем, ки ҳама шароит барояшон муҳайёст,​ аммо аз надоштани фарзанд ранҷи зиёд кашида, бо амри тақдир аз ин неъмати пурқимат маҳрум​ мебошанд. Барои​ дидори фарзандро ноил шудан талошҳо менамояд, дар дохил ва хориҷи кишвар ба табобат машғул мешаванд, то ин ки соҳиби фарзанд шаванду номи сазовори падару модариро соҳиб гарданд.

Вале сад афсӯс, ки бархе инсонҳоеро вомехӯрем, ки номи пуршарафи падару модариро соҳибанд, аммо ба қадри бузургтарин неъмат–фарзанд намерасанд.​ Оддитарин қаҳру ғазаби хешро дар сари фарзанди худ мешикананд ё худ моҷарову мушкилоти оиладориро аз кӯдак меситонанд, ки корест нодуруст ва амалест нобахшиданӣ.

Чунин як амали қасосгирии бемавриду беасос ҳангоми сар задани моҷарои оилавӣ​ аз ҷониби сокини Ҷамоати деҳоти “Патар”-и шаҳри Конибодом Исаков Ислом Маликович сурат​ гирифт, ки ниҳодҳои муҳими тафтишотӣ ва аҳли ҷомеаро бетараф нагузошт.

Исакова Махфират Данияровна бо тариқи никоҳи расмӣ соли 2008 бо шаҳрванди дар боло зикршуда оиладор шуда, дар тӯли зиндагии якҷояи худ соҳиби ду фарзанд мешаванд. Аммо ҳангоми миёни онҳо нофаҳмиҳои зиёд ба миён меояд ва билохир зану мард аз ҳам ҷудо шуда, оилаи онҳо пош мехӯрад.

Бинобар сабаби хешу табор будан бо собиқ ҳамсари худ шаҳрванд Ислом Исаков санаи 25-уми ноябри соли 2022 ба тӯйи хонадоршавии ҷиянаш Мактуба даъват шуд, ки арӯсшаванда бо​ собиқ ҳамсари Ислом ба он ҷо меравад. Дар ҳамин ҳолат фарзандаш Муслима ба хонаи хоби падари худ​ ворид шуда, аз падараш хоҳиш менамояд, ки зарфи дар рӯйи ҳавли бударо ба як тараф гузорад, аммо падар бинобар камии вақти хеш хоҳиши фарзанди худро иҷро намекунад. Дар ҳамин ҳолат Муслима ба сӯйи падараш мегӯяд: ту чӣ хел падар ҳастӣ, ки хоҳиши духтари худро иҷро намекунӣ. Аз шунидани ин суханҳо падар хашмгин шуда, ба сӯйи фарзанди ноболиғи худ даст бардошта, бо зарби пойи худ ба пойи духтараш сахт мезанад, ки дар натиҷа фарзанди ноболиғаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом интиқол дода мешавад.

Мувофиқи хулосаи табибон ва ташхиси экспертизаи тиббӣ-судӣ, ки аз санаи 19-уми декабри соли 2022, таҳти рақами 537 дода шудааст, муайян гардид, ки дар ноболиғ иллати шикасти устухони пӯшидаи думғоза бо беҷошавии дарозмуддат бо аломатҳои зарари “миёна” дида мешавад. Судшванда ҳангоми мурофиаи судӣ пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, ҳамчунин аз кардаи хеш изҳори пӯшаймонӣ намуд.

Суд дар асоси моддаи 111 Кодески ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Ислом Исаковро гунаҳкор дониста, барои кирдори содирнамудааш ба мӯҳлати як солу чор моҳ равонаи зиндон намуд.

Аҳли ҷомеаро мебояд, ки аз ин ҳодисаҳо барои худ сабақ биомӯзанд ва фарзандонро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбият намоянд. Дар амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин, шахсони рӯзгордида, фаъолони ҷомеаро мебояд, ки бо оилаҳои ҷавон дар иртиботи доимӣ бошанд. Он гоҳ мо метавонем дастаҷамъона доир ба пешгирии хушунати зӯроварӣ ва дар ҷомеа дастболо бошем.

 

Комилҷон Ғанизода,

муовини якуми раиси

Суди шаҳри Конибодом