ҲОКИМИЯТИ СУДИ – ҲОМИИ АДОЛАТ
ҲОКИМИЯТИ СУДИ – ҲОМИИ АДОЛАТ
Ҳокимияти судӣ яке аз се шохаи асосии ҳокимияти давлатӣ мебошад. Он дар якҷоягӣ бо ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти ичроия фаъолияти давлатро таъмин мекунад. Мақсади асосии ҳокимияти судӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолати ичтимоӣ ва таъмини волоияти конун аст.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустакил буда, танҳо ба Конститутсия ва конун итоат мекунад. Ин маънои онро дорад, ки ягон мақомоти давлатӣ, ташкилот ё шахси алоҳида ҳақ надоранд, ба фаъолияти судҳо дахолат кунанд. Судҳо вазифадоранд, парвандаҳоро танҳо бар асоси далелҳо ва қонун ҳал намоянд.
Накши асосии ҳокимияти судӣ дар он аст, ки адолатро дар ҷомеа барқарор мекунад. Судҳо мурофиаҳои ҷиноятӣ, мадани, маъмурӣ ва иқтисодиро баррасӣ намуда, ҳуқуқи шаҳрвандон, ташкилотҳо ва давлатро ҳимоя менамоянд. Ҳамин тариқ, ҳокимияти судӣ кафолати амалӣ шудани принсипи «давлати ҳуқуқбунёд» мебошад.
Ғайр аз ин, судҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ нақши муҳим доранд. Бо қарорҳои худ онҳо намунаи амалии риояи қонун ва адолатро нишон медиҳанд. Судҳои Тоҷикистон инчунин бо мақсади беҳтар кардани адолати судӣ ислоҳоти гуногунро амалӣ мекунанд, аз ҷумла ҷорӣ кардани низоми судҳои махсус ва такмили қонунгузории мурофиавиро.
Ҳамин тавр, ҳокимияти судӣ яке аз пояҳои асосии давлатдории миллии Тоҷикистон буда, барои таъмини сулҳ, адолат ва устувории ҷомеа нақши бузург мебозад. Бе фаъолияти самарабахши судҳо наметавон аз волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқи инсон сухан гуфт.
Ҷаъфар РАҲИМОВ, котиби маҷлиси судии суди шаҳри Конибодом
Суди шаҳри Конибодом 