МУҲИМТАРИН ВОҚЕАИ ТАЪРИХӢ
МУҲИМТАРИН ВОҚЕАИ ТАЪРИХӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба нерўи офарандаву созанда, ақлу заковати мардуми меҳнатқарин, сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Сарвари давлат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва мутамаддин ба сўи оянда қадамҳои устувор мегузорад.
Истиқлолият дар тӯли таърихи ҳазорсолаи тоҷикон беҳтарин, нодиртарин, арзишмандтарин, муқаддастарин воқеаи фараҳбахши таърихӣ буда, аҳамияти бузурги ҳаматарафа ва нақши тақдирсоз дорад.
Пойдории давлат, оромию осоиштагии ҷомеа, ҳаёти хушу хуррами мардум, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту идора ва таъмини волоияти қонун, амнияти давлат ба адолати судӣ вобастагии қавӣ дорад.
Дар давраи истиқлолият бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал тариқи райъпурсии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Ҳамчунин, маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон артиши миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил гардида, сулҳу субот, ҳифзи марзу буми кишвар, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таъмин гардид.
Пешвои муаззами миллат чунин изҳори ақида намудаанд: «Барқарор намудани равобити хориҷӣ ва шиносонидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол, мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ ва сиёсати хориҷӣ дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ буд». Боиси ифтихор ва хушнудист, ки айни хол Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлолу озод ва демократӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд.
Ҳамасола чун анъанаи нек чашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ва шукуҳу шаҳомати хоса баргузор мегардад. Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем, онро эҳтиром намоем, арҷ гузорем ва барои ободии диёр, сулҳу оромӣ, таъмини волоияти қонун, риояи қатъии тартиботи ҳуқуқӣ, пешрафти соҳаҳои гуногун ҳиссаи арзандаи худро гузорем.
Комилҷон ҒАНИЗОДА, Муовини якуми раиси Суди шаҳри Конибодом