МОДАРОЗОР ҶАЗОИ САЗОВОР ГИРИФТ

Мо мардуми сарбаланду хирадоийни тоҷик аз азал ба гузаштаи худ арҷгузор будем ва эҳтироми волидайнро барои худ амри воҷиб медонем. Маҳз дасти дуои модар ва заҳмату абзиндадориҳои падар аст, ки мақому мартабаи хосаро дар ҷомеа соҳиб ҳастем.

Гуфтаҳои бузургони сухан ва саромадони адабиёти тоҷик дар васфу ситоиши модар он қадар зиёд аст, ки чун баҳри беканори маънавӣ дар рӯзгор барои мо ҳидоятгару раҳнамунсоз мебошад. Пас бо ин ҳама шаҳомату бузургӣ моро мебояд, ки умре хидматгори модарон бошем. Дар ҳаёт ба қадри волидони хеш бирасем ва ҳурмати онҳоро ба ҷо биорем.

Хушбахтона, дар Тоҷикистони азиз оилаҳое ҳастанд, ки рӯзгору зиндагиашон барои дигарон мояи ибрату ифтихор мебошад. Вале мутаассифона, баъзе нафароне низ ҳастанд, ки ба қадри ин ганҷинаи пурқимат намерасанд, онҳоро мавриди озору сарзаниш қарор медиҳанд, ки гуноҳест азим ва нобахшиданӣ. Чунин нафарон ҳам дар назди қонун ва ҳам дар охират барои кирдорҳои ноҷавонмардонаи худ ҷавобгаранд.

Чунин як амали ноҷавонмардонаи модарозорӣ аз ҷониби сокини шаҳри Конибодом Ахмедов Аҳрорҷон Собирҷонович, истиқоматкунандаи Ҷамоати Куҳандиёри ҳамин шаҳр сурат гирифт, ки ин амали ғайриахлоқиву ғайриинсонӣ аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои тафтишотиро беташвиш гузошта наметавонад. Номбурда бегоҳии 12- уми феврали соли 2023, соати 18:00 баъди истеъмоли барзиёди нӯшокии мадҳушкунандаи спиртӣ дар ҳолати мастӣ ба хонаи падарарӯсаш Ҳомидов Содиқҷон Эргашевич, сокини суроғаи дар боло инъикосгардида ба дидорбинии зану фарзандонаш меравад. Баъди бозгашт аз хонаи падарарӯсаш ба хонаи истиқоматии худ, ки бо модараш якҷо зиндагӣ мекунад, меояд. Модараш Абдувалиева Манзура Худойдодовна аз ҳолати мастии фарзанди хеш воқиф гардида, мехоҳад ҷигарбандашро, ки ба сад умед ӯро ба воя расонидааст, бо панду андарзи худ ҳамчун зани рӯзгордида аз ин роҳи бад баргардонад. Аммо сад афсӯс, ки фарзанди нохалаф ба ҷойи гӯш додан ба панду насиҳати модари худ ба сӯйи ӯ ноҷавонмардона даст мебардорад. Бо ин амали нохалафи хеш қонеъ нагашта, дар натиҷаи муноқиша ба ӯ осеби сахти ҷисмонӣ мерасонад.

Бояд қайд намоем, ки ҳангоми рух додани ҳодиса шаҳрванд М.Абдуллоева сари вақт ба Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом интиқол дода шуд. Мувофиқи хулосаи тиббӣ-судӣ, таҳти №36 аз санаи 15-уми феврали соли 2023-юм ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бадани ҷабрдида дар намуди шикасти пӯшидаи 5-ум қабурға аз рост беҷошуда, осеби пӯшидаи косахона ва майнаи cap, ларзиши мағзи cap, захми лати хуномус дар ҳамбастагӣ бо саломатӣ, дарозмуддат вайроншавии саломатӣ (на зиёда аз 21 шабонарӯз), ки ҳамчун зарари “миёна” ба саломатӣ расонидашуда мансуб дониста шудааст, мавҷуд мебошад.

Ҳангоми тафтишот ва пурсиши ҷонибҳо дар маҷлиси судӣ шахси содиркунандаи ҷиноят А.Ахмедов худро гунаҳкор дониста, ҳамчунин аз амалкарди хеш изҳори пушаймонӣ низ намуд.

Дар асоси гуфтаҳои зикршуда ва бо дастрасии моддаҳои 310, 332-335, 338 қисми 2, 339, 341-345, 347, 348, 350 ва 359 Кодекси мурофиавии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Суди шаҳри  Конибодом

Аҳрорҷон Ахмедовро бо моддаи 111, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 моҳ бо адо кардани ҷазо дар колоннияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъйин намуд. Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки дар назди қонун ҳама баробар буда, ҳар нафаре, ки даст ба ҷиноят мезанад, ҷавобгар мебошад. Аммо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба маҳбас интиқол додани афроди ҷиноятпеша ҳанӯз анҷоми кор набуда, бо ин роҳ мушкилотро бартараф намудан ғайриимкон аст.

Дар ин замина шахсони рӯзгордида, собиқадорони меҳнат, аҳли зиё ва мактабу маориф инчунин оилаҳои намунавиро мебояд дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҳама самтҳо миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро мунтаззам ба роҳ монпнд. Танҳо ба ин васила мо метавонем роҳи ҳама зуҳуроти номатлубро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.

Комилҷон Ғанизода,

муовини якуми раиси

Суди шаҳри Конибодом