МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ИФТИХОРНОМАҲО ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ
МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ИФТИХОРНОМАҲО ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ
9 уми сентябр дар шаҳри Конибодом маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо ба фаъолон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабалӣ Расулзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Баҳриддинхӯҷа Нозимӣ ва раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода иштирок намуданд.
Ҳамзамон, роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорон, кормандони соҳаи кишоварзӣ, воситаҳои ахбори омма ва корманди фаъоли дигар соҳаҳо бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин раиси суди шаҳри Конибодом муҳтарам Ҷабборзода Фурқат Саттор бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.



Суди шаҳри Конибодом 