Маҷлиси тантанавӣ дар Суди шаҳри Конибодом ба муносибати ҷашни 34 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 5 сентябри соли 2025 дар Суди шаҳри Конибодом ба муносибати ҷашни 34 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ гузаронида шуд. Сараввал Раиси суди шаҳри Конибодом муҳтарам Ҷабборзода Фурсат Саттор баромад намуда тамоми кормандони суд ва сокинони шаҳри Конибодомро бо ин ҷашни бузурги таърихӣ табрик намуда ба ҳар яки онҳо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.
Дар идомаи маҷлис муовини якуми раиси суди шаҳри Конибодом Ғанизода К.Т. дар мавзуи «Истиқолияти Тоҷикистон поянда бод!» ва котиби маҷлиси судии суди шаҳри Конибодом Орифи К. дар мавзуи «Истиқлолият неъмати бебаҳост» маърӯза намуда, вобаста ба дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи истиқлолият сухан намуданд.
Дар идомаи маҷлиси тантанави бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандон аз ҷониби Раиси суд ба  5 нафар кормандони дастгоҳи суд: ёрдамчии раиси суд Мавлонзода Далер Воҳид, мушовири суд Сидиқзода Манижа Тоштемир, котиби маҷлиси судӣ Умарзода Нигина Дадоҷон, котиби маҷлиси судӣ Қодиров Маурфҷон Абдунабиевич ва посбони суди шаҳри Конибодом Махкамов Комилҷон Нўмонович ифтихорномаҳо супорида шуданд.