Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

26 октябри соли 2022 дар бинои Маќомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси шаҳри Конибодом, Прокурори шаҳри Конибодом, сардори шубъаи амнияти шаҳри Конибодом, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, судяҳо ва кормандони суди шаҳри Конибодом бахшида Рӯзи кормандони мақомоти судӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Тўхтасунзода А. оғоз намуда кормандонро ба муносибати таҷлили иди касбии кормандони мақомоти судӣ муборакбод намуд. Раиси суди шаҳри Конибодом мухтарм Абдугафори А. вобаста ба таърихи таҷлили рузи кормндони мақомоти судӣ ва аҳамияти таърихии ин санаи ҳамчунин доир ба пайдоиш ва ташаккули низоми суд дар Ҷумҳури Тоҷикистон суханрони намуданд.

Қайд гардид, ки нақш ва мақоми ҳокимияти судӣ дар идоракунии давлатӣ аҳмияти муҳимро доро мебошад. Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо амал карда, ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд”.

Инчунин дар давоми масҷлис собиќадорони соҳа собиқ муовини раиси суди шаҳри Конибодом Абдуҷабборӣ А. ва собиқ судяи суди шаҳри Конибодом Ҳайдарова Р.А. аз фаъолияти кориашон сухан намуданд.

Дар фарҷом барои фаъолияти босамар ва иштироки намунавӣ дар ҳаёти ҷамъиятии суди шаҳри Конибодом судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд аз ҷониби раиси шаҳри Конибодом бо “Сипоснома”-ҳо сарфароз гардонида шуданд.