КАФИЛИ ПОЙДОРИИ ҲОКИМИЯТИ СУДИ
КАФИЛИ ПОЙДОРИИ ҲОКИМИЯТИ СУДИ
Истиқлолияти давлатӣ неъмати шарифест, ки аз бузургтарин дастоварди миллати тоҷик давоми даҳ асри охир буда, мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд, рамзи саодат ва паймони бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик аст.
Хоса, дар замони соҳибистиқлолӣ барои мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқии истиқлолият ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои назаррас андешида шуданд. Дар нахустин санади соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид.
Камоли ифтихор аст, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми судии кишвар рушду такомул ёфта, дар ин замина барои таъмини ҳуқуқи конститутсионии ҳар шахс ба кафолати ҳифзи судӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуд.
Ҳокимияти судӣ дар пасманзари фаъолияти суди шаҳр амалӣ гардида, барои ҳимояи ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилот ва муассисаҳо, қонуният ва адолат нигаронида шудааст (моддаи 84 Конститутсия).
Ҳамин аст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳокимияти судӣ дар самти ба амал баровардани адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлату муассисаҳо ва таъмини тартиботу конуният фаъолияти муназзами худро ба роҳ мондааст.
Сол аз сол маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ такмил ёфта, вобаста ба масъалаҳои оила, манзил, мерос, ҳимояи шарафи инсонӣ ва ғайраҳо ба суди шаҳрӣ аризаҳо ворид шуда, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ситора ВОДИЗОДА, судяи суди шаҳри Конибодом