Истиқлолияти давлатӣ поянда бод!
Истиқлолияти давлатӣ поянда бод!
Миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик тўли мавҷудияти худ дар масири таърих воқеаҳои хурду бузурги сиёсии зиёдеро паси сар намудааст, ки ҳар кадоме дар марҳилаи худ нақши махсус мебозад. Нодиртарин дастоварди ин миллати куҳандиёр дар таърихи навин дастёбӣ аз Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ин сана назди миллати фарҳангофарин масъулияти басо бузург ва дар айни замон пуршарафро ба монанди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи арзишҳо, суннатҳои фарҳангӣ ва талаботи бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро гузошта, бегазанд ба фардоиён расонидани ин рисолати таърихиро тақозо намуд.
Ҳанўз дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ миллати худогоҳи тоҷик ба хубӣ дарк намуда буд, ки: «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанўз кам аст, онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ, шарафу номуси ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллати хеш пайгирона бояд ҳифз намуд».
Ин неъмати бебаҳои таърихӣ ба давлатдории навин асос гузошт ва идораи он ба дўши Роҳбари дурандешу сарсупурдаи кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Кўшишҳои пайвастаи Сарвари давлат, умедворию заковати мардуми бонангу соҳибтамаддун натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Бо шарофат ва баракати Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон худро ҳамчун узви комилҳуқуқу соҳибэҳтиром бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст намуда, аъзои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ гардид ва аз ҷониби беш давлатҳои мутараққии ҷаҳон ба расмият шинохта шуд.
Имрўз мақому манзалати Тоҷикистон дар сиёсати минтақавию байналмилалӣ хеле боло рафтааст ва дар ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ саҳми худро гузошта истодааст.
Бешубҳа, Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ дар ҳалли мушкилоти аҳолии ҷаҳон бо таклифу пешниҳодҳои саривақтии худ бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи устувор дорад. Дар муддати соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон комёбиҳое, ки мардуми кишвар ба даст оварданд, хеле назаррас мебошанд.
Бояд қайд кард, ки Истиқлолият муҳимтарин дастоварди таърихи миллати тоҷик, омили наҷоти миллат ва давлатдории миллии он аст. Дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолият миллати мо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, сокинони кишвари мо ба зиндагии осудаву осоишта расиданд, сохтори давлатӣ шакли комили худро гирифт ва роҳи рушди кишвар аз тарафи худи халқ аз интихоб ва муайян гардид.
Ҷашни Истиқлолият дар қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ дар рӯзгори мо макоми хоса дорад, зеро ин рӯзи пурсаодат барои мо ба осонӣ наомадааст. Барои ба ин пирӯзӣ расидан моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем.
Имрўзҳо Тоҷикистони азизи мо ба марҳалаи сифатан нави тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ ворид гардидааст, ки ҳама аз натиҷаи соҳибистиқлолии кишвар гувоҳӣ медиҳад. Аз моҳҳои нахустини соҳибистиқлол шудан таърих моро дар давлатдорӣ имтиҳон кард.
Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро анҷумани саодати миллат номидаем, ба арсаи сиёсати давлатдорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барин сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро эҳдо кард. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорат, матонат ва ақли дурандешонаи худ девори наҷот, қалъаи амнияти миллат гардиданд. Бо қадами мубораки Пешвои миллат мо ба оромию осудагӣ рӯ овардем. Бояд гуфт, ки дар солҳои соҳибистиқлол будан мо ба дастовардҳои калон соҳиб шудем. Пеш аз ҳама қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин як бахтномаи миллати мост. Дар асоси Конститутсия тоҷикон соҳиби давлати комилҳуқуқи соҳибихтиёри хеш буданашонро нишон доданд. Истиқлолият ба мо худшиносиро ато кард, эҳтирому донистани таърих, фарҳанг, забон адабиёт ва анъанаҳои миллӣ ин донистани мазмун ва моҳияти рамзҳои давлатӣ аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба нерўи офарандаву созанда, ақлу заковати мардуми меҳнатқарин, сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Сарвари давлат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва мутамаддин ба сўи оянда қадамҳои устувор мегузорад.

Дар интиҳо орзу мекунам, ки осмонамон ҳамеша софу беғубор бошад ва зери ливои сулҳу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомали Раҳмон хушбахтона зиндаги кунем.