Иштироки кормандони суди шаҳри Конибодом дар мусобиқаи умумишаҳрӣ оид ба футболи хурд “Ҷоми Раиси шаҳри Конибодом”
Иштироки кормандони суди шаҳри Конибодом дар мусобиқаи умумишаҳрӣ оид ба футболи хурд “Ҷоми Раиси шаҳри Конибодом”
25 май бори аввал Рӯзи умумиҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида буд, дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.
Бахшида ба ин Рӯзи умумиҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон байни корхонаву муассисаҳои шаҳр мусобиқаи умумишаҳрӣ оид ба футболи хурд “Ҷоми Раиси шаҳри Конибодом” гузаронида шуд, ки дастаи Суди шаҳри Конибодом ҷойи сеюмро ба худ касб кард. Дастаи футболи Суди шаҳри Конибодом барои ишғоли ҷойи сеюм аз ҷониби Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода бо тӯҳфа, дипломи дараҷаи 3 ва медалҳо сарфароз гардонида шудаанд.