Иҷро накардани ўҳдадориҳои волидайн дар тарбияи фарзанд

Судяи суди шахри Конибодом вилояти Сугд Чуразода Хурсанд санаи 28 майии соли ҷорӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Охунова Р.С., шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 сентябри соли 1981 санаи таваллудаш, зода ва сокини шаҳри Конибодом, чамоати дехоти Пулотон, кӯчаи Холматов, миллаташ узбек, маълумоташ миёна, муваққатан бекор, оиладор соҳиби ду фарзанд бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби кормандони ШВКД Чумхурии Точикистон дар шахри Конибодом нисбати Охунова Р.С. дар чунин ҳолат парванда оғоз намудааст:

Охунова Р.С. модари Рахимчонов Р.Г., хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 шаҳри Конибодом буда, уҳдадориҳояшро дар тарбияи фарзанд ба таври дахлдор иҷро накард ва бо ин кирдораш талаботи моддаи 8 сархати 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро вайрон ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии пешбиникардаи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро содир намуд.

Санаи 6 майи соли 2019 Рахимчонов Р.Г. хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 шаҳри Конибодом дар натича ба дарси фанни технологияи иттилооти иштирок накарда, ба оворагарди машгул шудааст.

Охунова Р.С. худро гунаҳгор шуморида баёнот дод, ки  дар хакикат фарзанди ноболигаш Рахимчонов Р.Г, санаи 6 майи соли 2019 аз беназорати у истифода бурда, ки манзили истикоматиашон дар назди мактаб карор дорад, ханогоми дар ба хона омада либосхояшро иваз намуда ба овораги машгул шудааст.

Гунаҳгории Охунова Р.С. дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурии пешбиникардаи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далелҳои дигари дар қабати маводҳои парванда мавҷуд буда исбот гардид.

Бо қайди ин ҳолатҳо, кирдори Охунова Р.С., бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз тарафи падару модар иҷро накардани ўҳдадориҳо оид ба тарбияи фарзандони ноболиғ тасниф карда шуд.

Суд вақти интихоби намуд ва андозаи ҷазо сабабҳои содиркунии ҳуқуқвайронкунӣ, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазоро ба инобат гирифта, Охунова Р.С.-ро бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо (165 сомонӣ) ба фоидаи давлат таъин кард.