Дар шаҳри Конибодом Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Дар шаҳри Конибодом Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Дар партави сиёсати варзишпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш, субҳи 18 майи соли 2025 дар шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маъракаи оммавии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии варзишии мазкур роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Конибодом фаъолона иштирок намудаанд.
Инчунин барои иштироки фаъолона дар маъракаи оммавии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ Раиси суди шаҳри Конибодом Ҷабборзода Фурқат Саттор бо Сипосномаи раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода сарфароз гардонида шуд.