Дар асоси Нақшаи чорабинии суди шаҳри Конибодом санаи 20 майи соли 2025 бо сокинон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Фирӯзобаи шаҳри Конибодом вохурию суҳбатҳо гузаронида шуд

Дар асоси Нақшаи чорабинии суди шаҳри Конибодом санаи 20 майи соли 2025 бо сокинон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Фирӯзобаи шаҳри Конибодом вохурию суҳбатҳо гузаронида шуд

   

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои суди шаҳри Конибодом санаи 20 майи соли 2025, Раиси суди шаҳри Конибодом Ҷабборзода Фурқат Саттор дар якҷоягӣ бо судяҳо Муҳиддинзода Муҳиддин Бобо, Водизода Ситора ва Исроилзода Дилноза Муҳиддинҷон бо раисони маҳаллаҳо, фаъолон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Фирӯзобаи шаҳри Конибодом вохурию суҳбатҳо гузарониданд.

Мақсад аз баргузории чунин вохурӣ ин вобаста ба фаҳмондадиҳии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28-уми декабри соли 2024, «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», пешгирии ҷиноятҳо вобаста ба терроризиму экстремизм, савдои одамон, зӯровари дар оила, ҷиноятҳои хусусияти корупсионӣ дошта, ҷиноятҳо вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, пешгирии вайроншавии оилаҳо, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, пешгирии шомилшавии сокинон, бахусус ҷавонон ба равияҳои экстремистию тундгаро инчунин тавзењи талаботи моддањои 2401 ва 2531 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 382 ва 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор истиқбол намудани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳои ҳуқуқӣ мебошад.

Дар фарҷоми вохӯри байни сокинони ҷамоат ва Раиси суд суҳбати озод баргузор гардида, Раиси суд ба саволҳои онҳо ҷавобҳои пешбинигардида ҷавобҳои мушаххас доданд.