Бе иҷозатномаи махсус яъне бе «литсензия» ба фаъолияти мусофиркашонии музднок машғул гардидааст

Санаи 22 майи соли ҷорӣ судяи суди  шаҳри Конибодом дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ботуров Баходур Хочиевич–19 июни соли 1983 санаи таваллудаш, миллаташ тоҷик, зодаи шаҳри Конибодом,  кӯчаи Кодиров, хонаи 20 таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, оииладор соҳиби се фарзанд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 510 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард:

Ботуров Б.Х. санаи 28 феврали соли 2019 тақрибан соати 08:20 дақиқа дар  шаҳри Конибодом автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» рақами қайди давлатиаш 08-81НМ02-ро идора намуда, бе иҷозатномаи махсус яъне «литсензия» ба мусофиркашонии музднок машғул шудааст.

Ботуров Б.Х. худашро гунаҳгор ҳисобида баёнот дод, ки дар ҳақиқат санаи 28-уми феврали 2019 сол, дар шаҳри Конибодом тавассути автомашина бе иҷозатномаи махсус ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст.

Гуноҳи Ботуров Б.Х. бо вуҷуди ба гуноҳаш иқрор будани ў, бо маводҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ исбот гардид.

Кирдори Ботуров Б.Х. бо моддаи 510 кисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб мекунад тасниф карда мешавад, зеро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз 17.05.2004 таҳти №37 барои мусофиркашонии музднок доштани иҷозатнома зарур аст.

Вақти интихоби андозаи ҷазои маъмурӣ суд ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазоро ба инобат гирифта, Ботуров Баходур Хочиевро бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ ба андозаи даҳ нишондиҳанда  барои ҳисобҳо баробар ба 550 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷаримаи маъмурӣ, бидуни мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин кард.