Баромади Раиси суди шаҳри Конибодом Ҷабборзода Ф.С. дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом
Санаи 3 майи соли 2025 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷаласа таҳти раёсати Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, шуъбаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, директорони муассисаҳои таълимӣ, равоншиносон, имомхатибон ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳо баргузор гардид.
Дар маҷлис Прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи сеюм Орифзода Парвиз Рустам, Раиси Суди шаҳр Ҷабборзода Фурқат Саттор ва сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Конибодом, полковник Абдуллозода Асомиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси Суди шаҳри шаҳри Конибодом Ҷабборзода Фурқат Саттор дар мавзӯи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» баромад намуда баррасӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз қабили паҳншавии терроризму экстремизм, хурофотпарастию ифротгароӣ, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷинояткорӣ миёни наврасону ноболиғон ва таблиғи фарҳанги бегона буд. Таъкид гардид, ки ин зуҳурот дар натиҷаи паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, ба миён омада, ба амнияти давлату миллат таҳдид мекунад.
Дар маҷлис дастур дода шуд, ки ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷаҳонбинии ахлоқиву фарҳангӣ ва динии ҷавонон, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсии онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни онҳо тақвият бахшанд. Ҳамчунин, корбарӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бештар дар хориҷи кишвар зери таъсири гумроҳкунанда қарор мегиранд, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.