Ҷаримабандӣ барои назорат накардани фарзанди хеш

8-уми июни соли 2021 cудя суди  шаҳри Конибодом Исроилзода Д.М. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди  шаҳри Конибодом парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати С.П, 23-уми окябри соли 1980 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри конибодом, миллаташ тоҷик, таҳсилот миёна, оиладор соҳиби 2-фарзанд, истиқоматкунандаи шаҳри Конибодом, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромад.

Муайян карда шуд, ки С.П аз ӯҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи фарзанди ноболиғаш набаромадааст, ки дар натиҷа фарзанди ноболиғаш дар санаи 19.05.2021 сол, тахминан соати 22:00 дақиқа дар Майдончаи И. Сомони бо ҳамроҳии рафиқонаш ба оворагарди ва дигар кирдорҳои зиддиахлоқӣ машғул шуда ва ҳангоми ба ШВКД дар шаҳри Конибодом дастрас намудан кормандони милитсия аз дасти ӯ як адад чизхои бурандаву халанда дарёфт намудаанд.

Ҳуқуқвайронкунанда С.П дар мурофиаи судӣ бо гуноҳаш пурра иқрор шуда, аз кирдори содиркардааш пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Ба ғайр аз ба гуноҳаш иқрор шудани ҳуқуқвайронкунанда С.П гуноҳи ӯ бо дигар далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар қабати маводҳо мавҷуд буданд тасдиқи худро ёфтааст.

Суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда С.П бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунӣ иҷро накардани ӯҳдадориҳои тарбиявӣ, ҳангоми набудани аломати ҷиноят пешбинӣ мекунад, банду баст кард.

Раводиди моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди  огоҳӣ  ё ҷаримаи маъмурӣ пешбинӣ кардааст.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молумулкӣ ва оилавии ҳуқуқайронкунанда С.П ба инобат гирифта, С.П дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ва ба ӯ бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 180 (яксаду ҳаштод) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.