Анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон

28 июл сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қирғизистон анҷом ёфт ва Сарвари давлат аз шаҳри Чолпон-Ота ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Иссик-Кул меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтирому самимияти баланд Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков гусел намуданд.