Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои суди шаҳри Конибодом санаи 15.05.2025 сол бо омўзгорон ва толибилмони Литсейи №1-и шаҳри Конибодом вохурию суҳбатҳо гузаронида шуд
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои суди шаҳри Конибодом санаи 15.05.2025 сол бо омўзгорон ва толибилмони Литсейи №1-и шаҳри Конибодом вохурию суҳбатҳо гузаронида шуд
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои суди шаҳри Конибодом санаи 15 майи соли 2025, Муовини якуми Раиси суди шаҳри Конибодом Ғанизода К.Т. дар якҷоягӣ бо судяҳо Ҷуразода Х.Ҳ., Исроилзода Д.М. ва Саторзода Шохрух, бо омӯзгорон ва толибилмонӣ Литсейи №1ғи шаҳри Конибодом вохурию суҳбатҳо гузарониданд.
Мақсад аз баргузории чунин вохурӣ ин вобаста ба фаҳмондадиҳии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28-уми декабри соли 2024, «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ҷиноятҳо вобаста ба терроризиму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, савдои одамон, зӯровари дар оила, ҷиноятҳо вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, пешгирии шомилшавии сокинон, бахусус ҷавонон ба равияҳои экстремистию тундгаро, кирдорҳои терористӣ, пешгирии қонунвайронкуни дар соҳаи низоми энергетикӣ ва дигар мавзуъҳои ҳуқуқӣ мебошад.
Дар фарҷоми вохӯри байни омӯзгорону толибилмони Литсей ва судяҳо суҳбати озод баргузор гардида, Судяҳо ба саволҳои аз ҷониби онҳо пешбинигардида ҷавобҳои мушаххас доданд.