Ҷаласаи ёздаҳуми Раисони Судҳои Олии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай
22 сентябри соли 2016 дар шаҳри ДушанбеҶаласаи ёздаҳуми Раисони Судҳои Олии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар давоми 15 сол дар самти таъмини амният, ҳифзи сулҳу суботи кишварҳо, таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа ҳамкориҳои судмандро амалӣ намуда истодаанд.
Иштироки Тоҷикистон дар ин созмони байналмилалӣ ба хотири густаришу таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягию дўстона ва инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ равона карда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар доираи ин Созмон фаъолияти ҳамоҳангии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти судӣ хело назаррас мебошад.
Дар қатори дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ дар кори фаъолона, доимию доманадори Созмони Ҳамкории Шанхай бо мақсади ривоҷи ҳамкориҳо ва таҳкими муносибатҳо, иштироки мақомоти олии судии давлатҳои аъзо ҳарҷи бештар зарурият дорад.
Бо дарназардошти мақсад ва вазифаҳои Созмон ба рўзномаи ҷаласаи навбатии Раисони Судҳои Олӣмасъалаҳои мубрами рўз — мубодилаи таҷриба оид ба баррасии парвандаҳо марбут ба терроризм ва экстремизм, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд тибқи қонунгузории давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, инчунин амалияи судии ин давлатҳо оиди аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд вобаста баҳолатҳои нав ошкоргардида ворид карда шудаанд.
Мақомоти судӣ дар самти муқовимат зиддиҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ, гардишиғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ нақши муҳим дорад.
Шиддат гирифтани таҳдидҳои муосир тақозо менамояд, ки бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ чораҳои муосири саривақтӣ якҷоя андешида шаванд.
Масъалаи таълиму тарбияи фарзанд дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ, маърифатпарварӣ ва ахлоқи ҳамида дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Маълум аст, дар таълиму тарбияи фарзандон оилаи мустаҳкаму солим, ки асосиҷамъиятро ташкил медиҳад, нақши муҳим мебозад. Падару модар бояд барои ҳамарўза таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Падару модар ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшонро вобаста ба таълиму тарбияи фарзандон бояд тибқи талаботиқонун ва бо назардошти манфиатҳои онҳо ба роҳмонанд. Барои иҷро накардан ва ба таври дахлдор ба иҷро нарасонидани уҳдадориҳояшон вобаста ба тарбияи фарзандон онҳо тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Яке аз вазифаҳои муҳими мурофиаи судии гражданӣ инҳифзи ҳуқуқу манфиатҳоиқонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи шаҳрвандону ташкилотҳо мебошад.
Иштирокчиёни ҷаласаи навбатии Раисони Судҳои Олии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай доир ба муҳимияти масъалаи мазкур зарурияти омўхтани таҷрибаи ҳамдигар ва такмили қонунҳо фикру ақидаҳоиҷолиби диққатро иброз доштанд.
Ҳамкории роҳбарони мақомоти судии СозмониҲамкории Шанхай имконият фароҳам меорад, ки муколамаи доимӣ оиди доираи васеи масъалаҳо, ки манфиати тарафҳоро ифода мекунад, сурат гирифта, ба рушди фазоиҳусни тафоҳум, инкишофи муносибатҳои дўстона ва боваринок мусоидат мекунад.