Вохӯри бо донишҷӯёни колеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом
Санаи 09 апрели соли 2026 ҷиҳати иҷроиши нақшаи кории якҷояи Суди вилояти Суғд ва суди шаҳри Конибодом дар самти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ аз ҷониби роҳбарият ва судяҳои суди вилояти Суғд ва суди шаҳри Конибодом дар бинои Колеҷи омўзгории шаҳри Конибодом вобаста ба тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷўён вохўрӣ гузаронида шуда, дар чорабинии мазкур муовини раиси суди вилояти Суғд Зарифӣ Фахриддин Наҷмиддин, раиси суди шаҳри Конибодом Ҷабборзода Ф.С., судяҳои суди вилояти Суғд Бобокалонзода Завқиддин, Бобоҷонзода Бахтиёр, Искандарзода Шаҳриёр, Сардори шуъбаи таъмини ташкили кори судҳои суди вилояти Суҳд Шоҳзода Исроил Назаралӣ, мутахассис -мушовири суди вилояти Суғд Содиқзода Самандар, муовини якуми раиси суди шаҳри Конибодом Ғанизода К.Т., муовини раиси суд Мусобекзода Т. ва судяҳо Муҳиддинзода М.Б., Раҷабализода Б.Р., Ҷуразода Х.Ҳ.,Исроилзода Д., Водизода С. ва Сатторзода Ш. иштирок намуда вобаста ба мавзӯҳои «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2020 — 2030», «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Барномаи давлати оид пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030», «Стратегияи давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардидаанд, супориши хаттии Раиси Суди Oлӣ aз 7 майи соли 2025, №561-5/1-18 дар самти пурзур намудани назорат ва пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар низоми энергетикӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромадҳо анҷом дода шуд. Дар охири вохӯрӣ ба савоҳои донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Суд города Канибадам 