Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз ва Ванҷ
Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз ва Ванҷ
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ мулоқоти самимӣ доир карда, ҳамаи сокинони заҳматдӯсти ин ноҳияҳоро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷашни муқаддас, бузург ва воқеан таърихӣ мебошад, самимона табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки ин ҷашни сарнавиштсозро сокинони ватандӯсту меҳмоннавози ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ, шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил менамоянд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди ҳамаҷонибаи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишвар, махсусан, Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон диққати аввалиндараҷа медиҳад.
Тайи замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Дарвоз зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ ва ноҳияи Ванҷ 580 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.
Дар давоми сӣ соли истиқлол дар ноҳияи Дарвоз 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба маблағи беш аз 500 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки то имрӯз дар доираи онҳо қариб 250 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст.
Дар ноҳияи Ванҷ дар ин давра 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 30 миллион сомонӣ амалӣ гадида, ҳоло иҷрои корҳо боз дар 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки маблағи то имрӯз азхудшудаи онҳо беш аз 32 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳо барои ноҳияи Дарвоз дар солҳои 2021 – 2025-ум 106 лоиҳа ба маблағи 405 миллион сомонӣ ва барои ноҳияи Ванҷ амалисозии 112 лоиҳа ба маблағи умумии 160 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
То имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 30 — солагии истиқлоли давлатӣ тасдиқгардида дар ноҳияи Дарвоз 90 иншоот ва дар ноҳияи Ванҷ 83 иншоот бунёд ва ба истифода дода шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи шахсони саховатпеша, соҳибкорону сармоягузорон ва мардуми ноҳияҳо, ки дар корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳм гузоштаанд, миннатдории самимӣ баён карданд.
Барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ масъулини бахш ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки барои истифодаи ҳарчи бештари захираву имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Зимни таҳлили соҳаи энергетика таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳалли ин масъала як қатор чораҳои зарурӣ амалӣ гардида, 28 иншооти соҳаи энергетика ба маблағи умумии зиёда аз 50 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифодаи мардум супорида шуд.
Ҳоло дар қаламрави ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва умуман вилоят якчанд лоиҳаи дигари энергетикӣ амалӣ шуда истодааст, ки бо анҷом ёфтани онҳо ҳудуди барқтаъминкунӣ дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят ба 100 фоиз расонида мешавад.
Вобаста ба ин, Вазорати энергетика ва захираҳои об, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ширкати “Помир-энерҷӣ” вазифадор карда шудаанд, ки татбиқи босифати лоиҳаҳои бахши энергетикаро дар вилоят таъмин намуда, ҷиҳати истифодаи самараноки нерӯи барқ чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳияи Дарвоз 34 бинои муассисаи таълимӣ барои қариб 5 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи уммумии зиёда аз 35 миллион сомонӣ ва дар ноҳияи Ванҷ 29 муассиса бо зиёда аз 4 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии 30 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар зарфи сӣ соли охир дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, дар маҷмӯъ, 56 муассисаи тандурустӣ бунёду азнавсозӣ карда шуда, ҳоло дар онҳо зиёда аз 500 нафар табибону мутахассисон ба аҳолии ин ду ноҳия хизмат мерасонанд.
Масъулони соҳаҳои маорифу тандурустӣ вазифадор гардиданд, ки барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ ва таъмини онҳо бо мутахассисони баландихтисос тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, минбаъд низ бо ҳисси баланди ифтихор аз ватандорӣ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон — истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ Ватани маҳбубамон ва диёри худро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.
Дар ҳамин ҷо баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муколамаи судманду созанда бо сокинони ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ баргузор шуд. Дар мулоқот Шаҳодати Саидҷамол – хонанда аз ноҳияи Дарвоз, Тоҷинисо Манфиатхонова – собиқадор аз ноҳияи Ванҷ, Нурмаҳмад Гулов – собиқадор ва Фотима Сулаймонова – собиқадор аз ноҳияи Дарвоз суханронӣ карданд.