Вокуниши Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муроҷиати дастаҷамъонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти унвони «Мо ҷонибдори амнияти фарзандонамон»

Июль 7, 2021 15:54

ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки муроҷиати дастаҷамъонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти унвони «Мо ҷонибдори амнияти фарзандонамон» ба унвони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки 6 июли соли 2021 дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ҳодисаи куштори ноболиғ Иноятова Руфайда, ки  4 июли соли 2021 дар ноҳияи Рӯдакӣ содир гардид, боиси нигаронии амиқи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гардида, ҷараёни  тафтиши ин ҷинояти мудҳиш зери назорати қатъӣ қарор дорад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба ҳодисаи мазкур Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф намуданд, ки ҷиҳати анҷом додани чорабиниҳои таъхирнопазири тафтишотӣ ва муайянсозии сабабу омилҳои ба содиршавии ин ҷинояти мудҳиш мусоидаткунанда тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешида, ҳарчи зудтар тибқи талаботи қонун шахсони ҷинояткор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки зимни ҷаласаи корӣ аз 11 сентябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони дигар сохтору мақомоти давлатии масъул ҷиҳати такмили қонунгузорӣ вобаста ба пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбати ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии ноболиғон дастур дода буданд.

Айни замон лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки мутобиқи он ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба ин қабил ҷиноятҳо пурзӯр карда шудааст.