ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРҶАСТАТАРИН ШАХСИЯТИ ТАЪРИХӢ — ИДЕАЛ БАРОИ ҶАВОНОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат  қарор дошт. Паёми нахустинашон дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 16 —  уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, садо дод, ки мақсадаш сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.
Мардуми кишвар суханони таърихии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам», «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ  намеҳисобам» хуб дар хотир доранд.  Он  замон  Ҷумҳурии  Тоҷикистон бениҳоят рӯзҳои сахту душвори даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳо боиси  хисороти  зиёди  моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллат таҳдид  мекарданд. Вале, 16-уми ноябри  соли 1992  ба решаи ташнаи ин миллат оби ҳаёт расид. Раиси нави Шӯрои Олӣ мардумро сарҷамъ мекарданд, биё, Ватан  хонаи  шумост  гуфта,  ҳарф мезаданд. Чи  қадар мушкилу  хатарнок  буданд  он солҳо. Бо вуҷуди нооромиҳо, бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати  фавқулода  кишвари  азизамонро аз вартаи фалокат ва ҳалокат бурун оварда, мардуми парешонро сарҷамъ намуданд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан  баргардонданд. Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо обод гаштанд, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳҳо сохта шуданд.
Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвари азизи мо аз натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва иқдомҳои фидокоронаву қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошанд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ мавқеи хосаро сазовор гашт. Бузургтарин дастоварди мо, пеш аз ҳама, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Сулҳ ба барқарорсозии иқтисодиёт замина гузошт. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон эътироф намуд. Тӯли 27 сол Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ қадамҳои устувор гузошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид мекунанд, ки ояндаи  кишвар дар дасти ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, ҷавонони мо бояд босаводу бофарҳанг бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Мо — ҷавонон дастуру супоришҳои Пешвои муаззамро сидқан ба ҷо оварда, дар рушди кишвари азизамон  нақши  босазо  мегузорем.