Парлумони Тоҷикистон ба як қатор қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид кард

ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи як қатор қонунҳоро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунандаи мамлакат қабул намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вакилони мардумӣ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир шуд, як қатор масъалаҳоро баррасӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз зумраи масъалаҳое буданд, ки имрӯз мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Бояд гуфт, ки дар ҷаласа лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ баррасӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар фарҷоми иҷлосия аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.